CPJ аз Тоҷикистон хост, Далер Шарифовро "фавран" озод кунад
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ё CPJ мақараш дар Ню-Йорк, рӯзи 6-уми феврал бо нашри як изҳорот, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки рӯзноманигор Далер Шарифовро бидуни таъхир раҳо намуда, иттиҳомот алайҳи ӯро бекор ва ба ӯ иҷоза бидиҳанд, ки бидуни ҳеҷ гуна мамониат фаъолияти худро идома диҳад.
Далер Шарифов рӯзи 28-уми январ боздошт ва ду рӯз баъд аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Мақомот ӯро ба барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ муттаҳам медонанд. Иттиҳоме, ки наздикон ва дӯстони Шарифов онро беасос мехонанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон панҷ рӯз баъд аз ин боздошт, бо нашри як изҳорот Шарифовро ба нашри "200 матлабу мақола"-и ба қавли мақомот "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ", ки "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд", муттаҳам кард.
Ба гуфтаи мақомот, ин мақолаҳо аз соли 2013 то 2019 нашр шудаанд. Мақомоти додситонӣ дар ин изҳорот ба рисолаи "Муҳаммад (с) ва терроризм", низ ишора кардаанд, ки ба қалами Далер Шарифов тааллуқ дорад. Вале наздикони Далер Шарифов ва бархе аз созмонҳои журналистӣ ба ин гуфтаҳо бовар надоранд ва мегӯянд, рӯзноманигор дар ҳеҷ мақола кинаву адоватро барнаангехтааст.
"Мақомоти тоҷик бояд ба таври фаврӣ иттиҳомоти пучро алайҳи рӯзноманигори мустақил Далер Шарифов канор бигузоранд, ӯро раҳо кунанд ва иҷозат бидиҳанд, ки ӯ ба фаъолияташ идома диҳад",-гуфтааст Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон барои Осиёи Марказӣ.
Хонум Гулноза Саид дар идома гуфтааст, "мақомоти тоҷик қаблан тақрибан ҳама садоҳои мустақилро аз кишвар берун ронданд. Бинобар ин, ин муҳокима талоши ошкор барои хомӯш кардани камшумор мунтақидони расонаӣ дар пешорӯи интихобот аст".
Тоҷикистон дар остонаи ду интихобот қарор дорад. Рӯзи аввали моҳи март интихоботи порлумонӣ доир мешавад ва интизор меравад, ки дар тирамоҳи ҳамин сол интихоботи президентӣ баргузор шавад.
Аз ин қабл, ҳашт созмони хабарнигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, даҳҳо журналист ва низ масъули бахши озодии матбуотии САҲА озодии Далер Шарифовро талаб карда буданд.
Далер Шарифов 32-сола аст ва қаблан дар телевизиони "Сафина" ва ҳафтаномаи "Озодагон" кор кардааст.
https://www.ozodi.org/a/30421820.html
DPF
07.02.2020 14:46
597
Хабарҳо